Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ иштирок ва суханронӣ намуданд

Март 21, 2023 19:20

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей ва сафирони кишварҳо — намояндагони расмии дигар давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ, намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро барои ташрифашон ба намоишгоҳи Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамкорӣ дар баргузории ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи қабул гардидани Эъломия дар бораи Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ва талошҳои мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ андешаронӣ карданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва мақсаду мароми нек дар фазои сулҳу субот, эҳтироми гуногунандешии сиёсӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушду таҳкими пайвастаи пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худ қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад.

Зимни суханронӣ ҳамчунин Сарвари давлат оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, пешниҳоди ташаббусҳои созандаи кишвари мо оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ ҷаноби Эрл Кортеней Раттрей суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» ва гӯшаи воқеияти маҷозиро тамошо намуданд.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид 21.03.2023

Март 21, 2023 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод