«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз фестивал доир карда шуд

Март 20, 2023 13:49

ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ, аз ҷумла, камонварӣ, тезхурак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ), шамшербозӣ, астарбозӣ, ланкабозӣ, фалахмон, хурусҷанг, кабкбозӣ, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷилбозӣ ва  дигар бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар фестивали мазкур роҳбарияти Кумита иштирок намуда, оид ба муҳимияти бозиҳои миллии варзишӣ сухан гуфта, ҳамзамон ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз шодбош намуданд.

Дар он инчунин донишҷӯёну хонандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мураббиёну машқварзони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуданд.


Ҳадаф аз баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ- эҳё намудани бозиҳои миллӣ ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар идомаи фестивал иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2023 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд