«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивал оғоз гардид

Март 18, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии боғи Шаршараи «Наврӯзгоҳи  пойтахт» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷумла, бозиҳои камонварӣ, тезхурак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо намоиш дода мешаванд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар фестивал донишҷӯёну хонандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Сирки давлатии Тоҷикистон ва мураббиёну машқварзони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ- эҳё намудани бозиҳои миллӣ ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

АМИТ «Ховар» якчанд бозиҳои миллии варзиширо шарҳ медиҳад:

Гӯштини миллӣ

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.

Дар айёми Наврӯз мусобиқаи маъмултарин гӯштингирӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқоти наврӯзии гӯштингирӣ баргузор мегарданд.

Тибқи қоида, паҳлавонони саросари ҷумҳурӣ ба Наврӯз омодагӣ мегиранд ва дар маъракаи наврӯзӣ қаҳрамон шудан маънии бузург дорад ва то Наврӯзи оянда номи паҳлавони пирӯз вирди забонҳо боқӣ мемонад.

 Лаклакбозӣ, бодпарак

Бодпарак навъи бозиест, ки аз ашёи чоркунҷа ё аниқтараш аз фанер (тахтаи нафис) ва шохаҳои най сохта мешавад.

Парвози он хеле баланд буда, ҳатто дар нуқтаи авҷаш ба чашми одӣ ноаён мегардад ва таҳти таъсири бод як садои баланди дилнавозе мебарорад.

Лаклак шакли секунҷа дорад ва дар сохтани он аз коғазу пластик истифода мебаранд.

Дар ресмони лаклаки асосӣ боз чанд лаклаки дигарро ҳамроҳ мекунанд ва вақте ки онро ба ҳаво сар медиҳанд, гумон мекунӣ, ки селаи турнаҳо ба парвоз даромадаанду бо худ Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро меоваранд.

Чавгонбозӣ

Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон ин чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз  варзиши қадимаи ориёиҳост. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп сурат гирифта, варзишгарон савораи асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд. Ин намуди варзиш бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсиву хатнасур зуд-зуд баргузор мешуд.

Бозии мазкур аслан дар мамлакати мо пайдо шуда, бозии миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Муҳаққиқ Абрамов соли 1955 дар китоби худ “Чавгон” мегӯяд, ки он бозии миллии тоҷикон аст. Аммо баъди инқилоб ин бозӣ танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ монду халос.

Аспдавонӣ

 Мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаҳои гуногун санҷишест, ки қувват ва давандагии аспро месанҷанд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пойга аз қадимулайём маълум ва машҳур аст. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок мекунанд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибон мукофотонида мешаванд. Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад, дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок мекунанд, ки аз хурдсолӣ аспсавориро омӯхтаанд.

Пойга чанд хел мешавад:

Пойгаи ҳамворӣ дар ҷойҳои ҳамвор, дар пайраҳаҳои ипподром ба масофаи 1000 — 4000 метр;

Пойгаи маҳдуд аз рӯи қоида дар пайраҳаҳое, ки саддҳои осонгузар доранд, ба масофаи 2000 — 3000 метр; дар пайраҳаҳое, ки саддҳои мушкилгузар доранд, ба масофаи 4000-7000 метр;

Пойга-кроссҳо дар ҷойҳои пасту баланд ба масофаи 3000-8000 метр ва ишораи аспакӣ (шикор бо саг) ба масофаи то 35 км гузаронида мешавад.

Камонварӣ

Асбоби асосии ин навъи варзиш ка­мон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.

Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиё­да ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда маш­ғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳан­гоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.

Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Он­ҳо камондони махсус доштанд, ки дар зи­ни асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 18, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
БАҲОР МУБОРАК! Ба баргузории ҷашни Наврӯз дар як деҳаи кӯҳистони Бадахшон замини пурбарф монеъ нашуд
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 омодагӣ мегирад
НАШУНИДАМ НАГӮЕД! Корвони наврӯзӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе муждаи баҳор меорад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ ба Риёз рафт
ХОНАТАКОНӢ. Тоҷикон Наврӯзро бо тозасозии манзили зист ва поксозии қалб пешвоз мегиранд
ЭЙ ЁРИ БАҲОРОЙИН, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД! Суратгузориш аз ҷараёни таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ
НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲО». Дар ноҳияи Ховалинг дар ин мавзуъ ҳамоиш доир шуд
ФУТБОЛ. Рустам Соиров ба дастаи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе баргашт