«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Душанбе Фестивали гулҳо баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳафтаи сеюми моҳи март то ҳафтаи дуюми моҳи апрели соли 2023 дар пойтахт таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали гулҳо баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз ҷониби Комиссияи шаҳрӣ ғолибони фестивали шаҳрӣ барои ҷойи якум бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, барои ҷойи дуюм бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ ва барои ҷойи сеюм бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ доир карда шуда, зимни он беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ муайян ва қадрдонӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






