Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод хати оби нӯшокиро барои таъмини 1800 нафар аҳолӣ ба истифода доданд

Март 31, 2023 09:15

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ бо сохтани чоҳи амудӣ дар чуқурии 150 метр ба воситаи насоси махсуси обкашӣ оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар натиҷа беш аз 430 оила, яъне 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуд.

Ҳамзамон тавассути хати оби нӯшокӣ муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустии ин деҳа бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Бо сохтани хати оби нӯшокӣ мушкилоти қаблии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод вобаста ба таъмин будан бо оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфт.

Дар партави ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ дар ин деҳа хати оби нӯшокӣ ба дарозии беш аз 2 километр бунёд гардид ва ба ҳамаи кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Зарафшон хати об оварда, нуқтаҳои обгирӣ ташкил карда шуданд.

Татбиқи якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳодати ин аст, ки сол аз сол масъалаи таъмини оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад.

Таъмини сокинони деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумат мебошад. Ин тадбири муҳим мояи хушҳолии хурду бузурги ноҳияи Зафаробод гардида, аҳолии деҳаи Зарафшон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод 31.03.2023

Март 31, 2023 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон