Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар ҶДММ «Кони ганҷ» ифтитоҳ намуданд

Март 31, 2023 11:22

ДУШАНБЕ, 31.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.

Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, шаҳодати татбиқи амалии рушди саноати ҷумҳурӣ дар ҳар шаҳру деҳоти мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ маҳсуб мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи пахта дар як сол коркарди 15 ҳазор тонна пахта буда, дар заминаи корхона истеҳсоли равғани растанӣ низ ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дастгоҳу таҷҳизоти муосиру каммасраф аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Штатҳои  Муттаҳидаи Америка вориду васлу насб гардидааст. Дар корхона дар марҳилаи якум пахта ба коркарди аввалия фаро гирифта мешавад. Истифодаи дастгоҳи муосир имкон медиҳад, ки барориши нахи пахта то ба 38 фоиз баробар гардида, 55 фоиз чигит истеҳсол карда шавад.

Соли 2022 ширкати “Кони ганҷ” 9 ҳазор тонна пахта қабул намуда, онро мавриди коркарди аввалин қарор додааст. Баробари ба кор андохтани коргоҳи равғанбарорӣ чигити истеҳсоли худии корхона пурра истифода ва аз он равғани растанӣ ва намудҳои гуногуни хӯроки чорво истеҳсол карда мешавад.

Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи минбаъда бо воридсозии дастгоҳҳои муосир истеҳсоли собунро низ ба роҳ монад. Коргоҳи равғанбарорӣ иқтидори коркарди то 40 тонна чигитро дар як шабонарӯз дошта, равғани истеҳсолгардида дорои сифати баланд мебошад ва ин корхонаи тозабунёд дар таъмини бозори растанӣ саҳми арзанда мегузорад.

Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти аз лиҳози табиӣ тоза ва истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он асосан аз маҳсулоти чигит ва офтобпараст равған истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулоти коргоҳ дар бозорҳои ноҳияи Зафаробод ва дигар минтақаҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Баробари ба истифода додани коргоҳи мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳамчунин давоми сол беш аз 50 нафар ба кори мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.

Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ дар “Кони ганҷ” дар масофаи 20 км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, барои қабулу коркарди пахтаи истеҳсоли хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳоти Меҳнатобод ва Ҷомӣ хеле мувофиқ аст.

Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бояд, пеш аз ҳама, ба сифат ва рақобатпазирии ин маводи ғизоӣ диққати зарурӣ дода шавад.

Маҳсулоти кишоварзии ноҳия, чун ғалла, лӯбиёгиҳо, зироати равғандеҳ, анвои гуногуни сабзавот, картошка ва дигар намуди маводи ғизоӣ ба намоиш гузошта шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Зафаробод 4700 хоҷагии деҳқониву кооперативҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, давоми соли 2022 маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия қариб 732 миллион сомониро ташкил дод, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли 2021 ба 115,2 фоиз баробар мебошад.

Дар саҳни корхона ҳамзамон чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, ки асосан дар ноҳия парвариш меёбанд, муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорони ноҳия кори хоҷагидоронро мусбат арзёбӣ дошта, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ин соҳаи сердаромад, таъсиси фермаҳои нави чорводорӣ ва фабрикаҳои парандапарварӣ, парвариш ва нигоҳубини чорвои хушзот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти деҳқонони ноҳия, маҳорати кадбонугии бонувон ва намунаҳои ҳунарҳои миллии дастӣ дидан намуданд.

Дар хаймаҳои идона махсулоти нониву қаннодӣ, асал, панир, шири Зафаробод, ҳунарҳои мардумӣ, чун дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, колинбофӣ, зардӯзӣ, мӯҳрабофӣ ва амсоли ин, маҳсулоти корхонаҳои хӯрокворӣ, равғани растанӣ ва хӯроки чорво, ки ҳама истеҳсол ва дастранҷи заҳматкашони ноҳия мебошад, ба намоиш гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва чорвои хурду калони хушзоти ширдеҳ навъҳои гуногуни панир ва дигар маҳсулоти ширӣ истеҳсол гардида, ба бозори минтақа ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамчунин дар ноҳияи ба рушди ҳунарҳои дастии миллӣ таваҷҷуҳи хосса равона гардида, беш аз 30 намуд ҳунарҳои мардумӣ то кунун побарҷост. 1500 нафар сокини ноҳия ҳамчун ҳунарманд фаъолият дошта, касбҳои гуногуни аҷдодиро нигоҳ доштаву ба ояндагон ба мерос мегузоранд.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод баробари бунёди иншооти таъиноти гуногун роҳҳои маҳаллӣ аз нав сохтаву таъмир карда мешаванд. Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масофаи 9 километр роҳро асфалтпуш карданд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ дар ҶДММ “Кони Ганҷ” дар ноҳияи Зафаробод 31.03.2023

Март 31, 2023 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди партовҳо аз маводи пластикӣ ва коғазу оҳан бунёд мегардад