Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school)-ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Муассисаи нави таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани иқдомот дар самти рушди соҳаи маориф, хосса баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг» таъсис дода шудааст.
Мактаби замонавӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна иборат мебошад ва дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.
Бинои таълимӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо тамоми шароити муосир таъмин карда шуда, дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази таълимии фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, 6 хуҷраи корӣ, толори фарҳангӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 110 нафар дар як баст, китобхона бо адабиёти гуногуну толори хониш, толори варзиш ва майдончаи варзишии тобистона мебошад.
Ҳамчунин дар назди мактаби нав Муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 60 нафар таъсис дода шудааст.
Кӯдакистон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, дорои шаш синфхонаи барҳавои машғулиятгузаронӣ ва ҳуҷраҳои хобу истироҳат барои дӯстрӯякон мебошад. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ имконоти мусоид мавҷуд аст.
Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар якҷоягӣ бо кӯдакистон барои 560 нафар пешбинӣ гардида, бо системаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар пойтахти мамлакат беш аз 70 нафар, аз ҷумла 23 мутахассис ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ба муассисаи таълимӣ бо роҳи суҳбат қабул карда мешаванд.
Дар муассисаи навтаъсиси таълимӣ ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Дар мактаби навтаъсис дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамзамон кӯдакони муассисаи томактабию ибтидоӣ ба маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла намудҳои гуногуни варзиш, хореография ва рақси мавзун ҷалб мегарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо муассисаи нави таълимӣ иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг»-ро боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз имконоти муҳайёгардида роҳнамоӣ карданд.
Таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҳадафҳои асосӣ дар самти таъсиси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар шаҳри Душанбе арзёбӣ мешавад.









Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд






