Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд

Март 3, 2023 18:19

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Кохи Сомон  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Роҳбари  Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо барои истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф омодагии худро таъкид намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2023 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд