СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард

Март 30, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гвинеяи Экваториалӣ нуҳ нафар ба табларзаи Марбург гирифтор шудаанд, ки дар ҳафт маврид натиҷаи ин беморӣ марговар буд. Ин маълумотро рӯзи чоршанбе дар брифинги Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус иброз дошт.  Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

«Теъдоди парвандаҳое, ки дар се музофот расман ба қайд гирифта шудаанд, то ҳол нуҳ нафар буда, ҳафт нафар фавтидаанд, — баён кард ӯ.  Аммо, ин се вилоят аз якдигар дар масофаи 150 км ҷойгиранд, ки интиқоли васеътари вирусро нишон медиҳад». Тавре директори генералӣ иброз дошт, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз ҳолатҳои иловагии табларзаи Марбург огоҳ аст, созмон аз ҳукумати Гвинеяи Экваториалӣ дархост кард, ки ба созмони мазкур дар бораи ин ҳолатҳо расман хабар диҳад.

Хуруҷи вараҷаи Марбург, ки патогенаш ба ҳамон синфе, ки вируси Эбола дар се минтақаи Гвинеяи Экваториалӣ мансуб аст, моҳи феврал рух додааст. Ин вирус ҷони 20 нафарро аз байн бурд. Тибби муосир чунин мешуморад, ки вируси вараҷаи Марбург аз кӯршапаракҳо ба инсон мегузарад. Сипас он тавассути тамоси мустақим бо шахси сироятёфта ба одамон паҳн мешавад. Беморӣ ногаҳон бо таби баланд ва дарди шадиди сар оғоз меёбад. Давоми ҳафт рӯз дар шахсони сироятёфта нишонаҳои таби геморрагӣ инкишоф меёбанд. Фавтнокӣ аз вараҷаи Марбург вобаста ба штамми вирус ва усулҳои табобат аз 24% то 88% — ро ташкил медиҳад.

То ҳол бар зидди ин шакли табларзаи геморрагӣ даво вуҷуд надорад. Табобат ба нигоҳ доштани қувваи ҳаётии бадан вобаста аст. Дар гузашта ҳолатҳои бемории табларзаи Марбург дар Ангола, Ҷумҳурии Демократии Конго, Кения, Уганда, ҶАҶ ва Гана ба қайд гирифта шуда буд. Моҳи март беморӣ дар Танзания авҷ гирифт. Беморӣ аз номи шаҳри Марбурги Олмон гирифта шудааст, ки соли 1967 дар ин ҷо ин намуди вараҷа ба амал омад. Таҳрикдиҳандаи он дар бофтаҳои маймунҳои аз Африқо барои тадқиқоти илмӣ овардашуда мавҷуд буд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: СУТ

Март 30, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд