ТАОМҲОИ БАҲОРӢ- ЗЕБИ ДАСТАРХОНИ ТОҶИКОН. Ҳар меҳмони хориҷӣ аввал ба хӯрокҳои миллии мо дил мебандад

Март 21, 2023 17:02

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Омадани баҳор ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми Тоҷикистон дар баробари шодию фараҳ сабзаву гулу гиёҳ ва алафҳои шифобахшро низ армуғон меорад.   Дар рӯзҳои баҳорӣ ва иду маросим кадбонуҳои тоҷик ба омода кардани хӯрокҳои баҳорӣ шуруъ мекунанд. Дар бозорҳои Тоҷикистон аллакай сабзаву алафҳои тару тоза ба фурӯш бароварда шудааст, ки  барои омода кардани хӯрокҳои гуногуни миллӣ истифода мешаванд. Имрўз аз бозорҳои мамлакат аллакай пудина, шибит, сеалаф, ҷағ-ҷағ, исфанох, қоқу, инчунин кашнизу райҳон, пиёзи сабз ва ғайра  харида, таомҳои гуногуни лазиз омода кардан мумкин аст.

Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо кадбонуи моҳир Латофат Иброҳимова, ки таомҳои миллӣ омода мекунад, ҳамсуҳбат шавад. Қаҳрамони мо ба хонандагон дар бораи хӯрокҳои баҳорӣ ва тарзи тайёр намудани он маълумот медиҳад.

— Тавре медонем, бо омадани баҳор дар сарзамини Тоҷикистон гиёҳу алафҳои зиёди табобатӣ мерӯянд. Шумо чун кадбонуи хонадон дар ин айём кадом хӯрокҳои баҳорӣ омода месозед?

— Баҳор фаслест, ки табиат аз нав зинда мешавад ва дар ин фасли сол бисёр намуди алафҳои тару тозаи баҳорӣ ва шифобахш, ба монанди қоқуву пудина, чукриву рошаку шибит мерӯяд. Ҳар нафар  бояд аз ин неъмати фасли баҳор, ки зудгузар аст, самаранок истифода бурда, ба ҷисми худ ғизои солим ворид созад. Ҳамаи ин сабзавот аз витамин бой буда, барои саломатии инсон фоидаовар аст.  Дар фасли баҳор одатан мо оталаи туппа, оши  бурида, суманаки дегӣ ва суманаки кулчагӣ (чанголӣ), самбӯсаи алафӣ, умочи ба пудина, шакароб ва шакароби пудинадор омода мекунем.

— Оё хӯрокҳои тайёр мекардаи Шумо аз дигар кадбонуҳо  фарқ мекунанд? 

Аслан ҳар зан, ҳар кадбону хӯрокро бо усули ба худ  хос омода мекунад ва албатта, ки таъми ҳар хӯрок аз дасти ҳар  кадбону ва ё ошпаз фарқ мекунад.

Хӯрокҳои миллии мо хеле зиёданд, ки ман метавонам дар бораи онҳо соатҳо сухан кунам. Ман ҳатто аз меҳри зиёд нисбат ба пухтану омода намудани таомҳои миллиамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифае кушодаам, ки дар он дар бораи омодасозии хӯрокҳои миллӣ муфассал барнома таҳия мекунам.

— Дар оилаи Шумо кадом навъи хӯрокҳои миллиро дӯст медоранд ва кадом таомро бештар омода мекунед?

— Дар оилаи мо ҳама таомҳоро дӯст дошта, бо камоли майл истеъмол мекунанд. Аз хӯрокҳои миллӣ мо бештар шакароб, қурутоб, шакароб бо пудина, оталаи туппаи дастхӯр, оши бурида, гандумҷӯш (дангича), ширкаду, умочи бо пудина, тухмбашир, ширбиринҷ, биринҷоба, фатирмаска, ошу шила (шавла) ва дигар таомҳоро омода мекунем. Мо дар фасли баҳор ҳамеша аз маҳсулоти тару тозаи баҳорӣ оталаи туппаю бурида, шакароб бо пудина ва самбӯсаи алафин тайёр мекунем. Шакароб  бо пудинаро фикр мекунам, ки фақат дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон медонанд. Барои омода кардани ин хӯрок маҳсулоти кам сарф мешавад, вале  он таоми хеле  бомазза ва  хуштаъм мебошад. Дар баҳорон ман бештар ин хӯрокро омода мекунам, зеро аҳли оилаи мо онро хеле дӯст медорад.

Таомҳои наврӯзии оилаи Шумо кадомҳоянд? Тарзи тайёр карданашон чӣ гуна аст ва оё Шумо тарзи махсуси омода намудани чунин таомҳоро доред?

— Дар рӯзҳои Наврӯз мо ҳамеша суманак тайёр мекунем- ҳам суманаки дегӣ ва ҳам кулчагӣ. Аз суманаки кулчагӣ «чанголӣ» тайёр мекунем. Албатта, дар бораи тарзи тайёр намудани  суманаки дегӣ қариб, ки ҳама маълумот доранд, вале аксарият чӣ гуна аз суманаки кулчагӣ омода кардани «чанголӣ»-ро намедонанд. Масалан, мо дар оилаамон суманаки кулчагӣ мепазем ва аз ин кулчаҳо «чанголӣ» омода мекунем, ки на ҳар кадбону аз уҳдаи пухтани ин таом мебарояд. Зеро тарзи омода кардани он камтар душвор асту вақти зиёдро мегирад. Мехоҳам барои хонандагони сомонаи «Ховар» тарзи тайёр намудани ин хӯроки миллиро каме шарҳ диҳам. Барои ин  мо аввал бояд гандумро тоза карда, хуб шуста, дар об як-ду шабонарӯз тар кунем. Вақте гандум неш мезанад, онро дар лаълӣ ё табақҳо  гирифта, болояшро барои тоза нигоҳ доштан бо дока мепӯшонем ва ба рӯяш зуд-зуд об мепошем, то гандум бе об намонаду ҳамеша намнок бошад. Агар ин гандумро дар рӯзҳои боронӣ аз оби борон об диҳем,  боз ҳам бомаззатар мешавад. Баъди он ки алафи гандуми мо ду см баланд шуд, онро дар уғурак майда карда, ё аз гӯштқиммакунак мегузаронем. Он мисли хамир мешавад. Ба он об илова карда, омехта мекунем ва аз элак мегузаронем. Барои таоми мо шираи гандум лозим аст. Ба шираи тайёр карда, орду каме шакар илова карда, аз он  хамир омода мекунем. Фарқияти хамири кулчаҳои суманак аз хамири нон дар он аст, ки хамири суманак бояд хеле мулоим бошад. Баъдан онро ба мисли кулча даврашак карда, дар танӯр ё тафдони барқӣ мепазем. Баъди пухтанаш якчанд суманаки кулчагиро дар гармиаш ба табақи чӯбин андохта, ба болояш равғани маска меандозем ва бо қошуқи калони чӯбин зуд- зуд то майда шуданаш каф мезанем, ки хунук нашавад. Ин намуди хӯрок бояд серравған бошад, ки ҳазм карданаш осон шавад. Ин таоми хеле бомаззаву хӯрданибоб мебошад ва таъми хуши баҳорӣ дорад.

— Тавре медонем, Шумо дар бисёр давлатҳои дунё будед. Таомҳои миллии мо аз дигар хӯрокҳо чӣ фарқ доранд?

— Ман дар хориҷи мамлакат ҳам таҳсил ва ҳам фаъолият кардаам, бовар кунед ба мисли хӯрокҳои миллии худамон дар ягон ҷой надидам. Ҳарчанд давлатҳои дигар бениҳоят хӯрокҳои рангоранги бомазза доранд, вале таъми хӯроки миллии худамонро дар ҳеҷ ҷои дигар пайдо карда натавонистам.

Ҳар куҷое, ки будам, ҳамеша бо ёди қурутобу шакароб, оталаву туппа, ширкадуву шакароби бо пудинаву тухмбашир, хӯрокҳои донагии табақии Ватани азизамон сари дастархони тоҷикӣ сарҷамъ бо аҳли оила будам.

Хӯрокҳои мо ҳар кадомаш тамъи махсус  дорад ва фикр мекунам, ҳар  меҳмони аз хориҷи мамлакат омада аввал ба хӯрокҳои миллии мо дил мебандад.

Ташаккур барои суҳбат.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии Латофат Иброҳимова

Март 21, 2023 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин