ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус

Март 28, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯзи имсола барои мардуми Тоҷикистон ба маънои том фархундаву фаромӯшнопазир аст. Ин ҷанба ба баргузории конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 рабт дорад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд. Чунин иброз намудааст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнуддин Сафаров дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур давоми 46 соли охир дувумин Конфронси  байналмилалии сатҳи  баланд дар масоили вобаста ба об маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, қариб ним аср баъд, ба шарофати ташаббускории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти марбут ба об ҷалб карда шуд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин икдом дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Ин аст, ки имрӯз баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини дастрасии ҳамагонй ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳ бо ҷалбу иштироки фаъоли ҷумҳурии мо сурат мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози асри XXI дар доираи ташаббусу иқдомҳои Сарвари давлат дар соҳаи дипломатияи об дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсусро соҳиб гардида, дар айни замон ҳамчун як мамлакати дорои захираҳои бойи обӣ-энергетикӣ дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шудааст.

Об яке аз омилҳои асосии мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи олам ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳое  мебошад, ки аз ин неъмати илоҳӣ бархурдор аст. Рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони он ба самараноку оқилона идора, истифода ва ҳифз намудани захираҳои обӣ- энергетикӣ вобаста аст. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист на танҳо ба ҳалли мушкилоти аҳолии ҷумҳурӣ, балки ба ҳалли ин масъалаи муҳим дар минтақа ва сайёра тавассути идоракунии босуботи захираҳои об эътибори хосса медиҳад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи аҳли башарро ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра зиёд намуданд.

Мавриди ёдоварист. ки неруи барқе, ки дар мамлакати мо истеҳсол мегардад, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад. Ба истифода додани иншооти бузурги гидроэнергетикй аз тарафи дигар имконият медиҳад, ки сатҳи оби дарёҳои мамлакат дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта шавад.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологй тоза ба қатори шаш давлати пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар мамлакати мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаро ба назар  гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мекунад.

Бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Пешвои миллат давоми мантиқии дипломатияи оби Пешвои миллат мебошад. Мо метавонем дар ин замина минбаъд  аз  захираҳои обии мамлакат бештару  самаранок истифода намоем.

Ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон бори дигар ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки барои муҳофизат ва оқилона истифода бурдани захираҳои об бо дарки масъулиятшиносӣ ҷаҳду талош намоем.

Хулоса, мамлакати мо ба шарофати ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об мақому манзалати хосро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гаштааст. Барои минбаъд баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ моро зарур аст, ки аз тамоми захираҳои моддӣ ва маънавӣ ба таври васеъ истифода намоем.

Афзоиши аҳолӣ дар сайёра ва дар ин замина норасоии оби ошомиданй, биёбоншавӣ, халал ёфтани суботи экологӣ, ба миён омадани низоъҳои сиёсӣ вобаста ба истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилоти рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастҷамъонаи аҳли башарро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, омӯхтани масоили марбут ба об муҳиму муфид буда, барои боз ҳам дақиқ таҳқиқу таҳлил намудани масъалаи мазкур аз аҳамият холӣ нест.

Мояи ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистониён аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони тавлиди иқдомҳои наҷибу созанда ва гаҳвораи камолоти сиёсати бунёдкоронаи дохилию хориҷӣ  табдил ёфтааст. Ҳамаи ин ба фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста буда, ҳоло давлати мо ва Сарвари он мавриди эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ  қарор гирифтааст.

Зайнуддин САФАРОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 28, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»