ТASHKENT GRAND SLAM. Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа ду медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023, ки аз 3 то 5 март идома ёфт, 13 ҷудочӣ намояндагӣ карданд, ки миёни онҳо Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) ба гирифтани медали тилло ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи охири мусобиқаи Тashkent Grand Slam 2023 ҷудочиён аз рӯи 5 вазн мубориза бурданд. Дар вазнҳои то 78 ва ҷамъи 78 кг рақобатҳо байни занон ва зери вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг миёни мардон доир шуданд.
Тоҷикистонро чаҳор ҷудочӣ дар рӯзи охири мусобиқа муаррифӣ кард. Дар вазни то 90 кг – Комроншоҳи Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов ва дар вазни ҷамъи 100 кг – Иброҳимҷон Элмуродов бо Темур Раҳимов қувваозмоӣ кард.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври аввал муқобили ҷудочии узбек Озодбек Муродов бо имтиёзи вазарӣ пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври дуюм баромад. Дар даври дуюм Комроншоҳ ба муқобили ҷудочӣ аз кишвари Миср — Алӣ Ҳазем дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин давр Комроншоҳ аз Гиовани Ферейра аз Бразилия мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт.
Дар даври тасаллобахш Комроншоҳ бо ҷудочии узбек Ҷаҳонгир Маматраҳимов қувваозмоӣ карда, мағлуб шуд ва дар мақоми 7-ум мусобиқаро ба анҷом расонид.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг дар даври аввал ба муқобили ҷудочии бразилӣ Марсело Гомеси 22-сола зафар ёфт ва дар даври дуюм бо Карамноб Сагайпов аз Лубнон қуввазмоӣ кард. Дар ин рақобат ҷудочии лубнонӣ беҳтар ҳунарнамоӣ карда, тавонист ба муқобили Ҷаҳонгир бо имтиёзи иппон музаффарият ба даст биёрад. Барои Ҷаҳонгир дар даври дуюм Tashkent Grand Slam 2023 бебарор анҷом ёфт.
Иброҳимҷон Элмуродов зери вазни ҷамъи 100 кг дар 15 сония аз ҷудочии гурҷӣ Гела Заалашвили дар аввалин рақобат мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Ҷудочии варзидаи мамлакат Темур Раҳимов зери вазни ҷамъи 100 кг дар даври дуюм рақобатҳоро оғоз кард. Дар ин давр Темур муқобили Эрик Абрамов аз Олмон ғалаба карда, дар даври сеюм бо Мунир Эртуг аз Туркия дар вақти тиллоӣ бо имтиёзи вазарӣ дастболо шуд.
Ҳоло дар даври нимниҳоӣ рақиби Темур – Татсуру Саитои 20- сола аз Ҷопон буд, ки борҳо садди роҳи ӯ дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ гардидааст. Ин навбат ҳам Татсуру Саито боз садди роҳи Темур Раҳимов шуд. Дар мубориза бо ин ҷудочии сангинвазни ҷопонӣ Раҳимов мағлуб гардид ва бо Гела Заалашвили аз Гурҷистон барои нишони биринҷӣ мубориза бурд.
Дар мубориза бо Гела Заалашвили ҷудочии мо Темур Раҳимов бо имтиёзи иппон мағлуб гардида, мақоми 5-умро касб кард.
АКС: Федератсия байналмилалии ҷудо








Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






