ТASHKENT GRAND SLAM. Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа ду медал ба даст оварданд

Март 6, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023, ки аз 3 то 5 март идома ёфт, 13 ҷудочӣ намояндагӣ карданд, ки миёни онҳо Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) ба гирифтани медали тилло ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

Дар рӯзи охири мусобиқаи Тashkent Grand Slam 2023 ҷудочиён аз рӯи 5 вазн мубориза бурданд. Дар вазнҳои то 78  ва ҷамъи 78 кг рақобатҳо байни занон  ва зери вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг миёни мардон доир шуданд.

Тоҷикистонро чаҳор ҷудочӣ дар рӯзи охири мусобиқа муаррифӣ кард.  Дар вазни то 90 кг – Комроншоҳи Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов ва дар вазни  ҷамъи 100 кг – Иброҳимҷон Элмуродов бо Темур Раҳимов  қувваозмоӣ кард.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври аввал муқобили ҷудочии узбек Озодбек Муродов бо имтиёзи вазарӣ пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври дуюм баромад. Дар даври дуюм Комроншоҳ ба муқобили ҷудочӣ аз  кишвари Миср — Алӣ Ҳазем дастболо шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин давр Комроншоҳ аз Гиовани Ферейра аз Бразилия мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт.

Дар даври тасаллобахш Комроншоҳ бо ҷудочии узбек Ҷаҳонгир Маматраҳимов қувваозмоӣ карда, мағлуб шуд ва дар мақоми 7-ум мусобиқаро ба анҷом расонид.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг дар даври аввал ба муқобили ҷудочии бразилӣ Марсело Гомеси 22-сола зафар ёфт ва дар даври дуюм бо Карамноб Сагайпов аз Лубнон қуввазмоӣ кард. Дар ин рақобат ҷудочии лубнонӣ беҳтар ҳунарнамоӣ карда, тавонист ба  муқобили Ҷаҳонгир бо имтиёзи иппон музаффарият ба даст биёрад. Барои Ҷаҳонгир  дар даври дуюм Tashkent Grand Slam 2023 бебарор анҷом ёфт.

Иброҳимҷон Элмуродов зери вазни ҷамъи 100 кг дар 15 сония аз ҷудочии гурҷӣ Гела Заалашвили дар аввалин рақобат  мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Ҷудочии варзидаи мамлакат Темур Раҳимов зери вазни ҷамъи 100 кг дар даври дуюм рақобатҳоро оғоз кард. Дар ин давр Темур муқобили Эрик Абрамов аз Олмон ғалаба карда, дар даври сеюм бо Мунир Эртуг аз Туркия дар вақти тиллоӣ бо имтиёзи вазарӣ дастболо шуд.

Ҳоло дар даври нимниҳоӣ рақиби Темур – Татсуру Саитои 20- сола аз Ҷопон буд, ки борҳо садди роҳи ӯ дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ гардидааст. Ин навбат ҳам Татсуру Саито  боз садди роҳи Темур Раҳимов шуд. Дар мубориза бо ин ҷудочии сангинвазни ҷопонӣ Раҳимов  мағлуб гардид ва  бо Гела Заалашвили аз Гурҷистон  барои нишони биринҷӣ мубориза бурд.

Дар мубориза бо Гела Заалашвили ҷудочии мо Темур Раҳимов бо имтиёзи иппон мағлуб гардида, мақоми 5-умро касб кард.

АКС: Федератсия байналмилалии ҷудо

Март 6, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби панҷ медал гардиданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ғолиб омад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо ҳамсолон аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом медиҳад
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали тилло ва чемпиони Осиё гардид!
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо бозӣ ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Гела Шекиладзе дар мавриди ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ибрози андеша намуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгарони тоҷик соҳиби панҷ медал шуданд
Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ғолиби марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзишӣ доир шуд