Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар ҷанубу шарқи Туркия ба беш аз 49 ҳазор расид
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бар асари заминларзаҳо ҳалокшудагон дар ҷанубу шарқи Туркия аз 49 ҳазор зиёд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон изҳор дошт.
«6 феврал 11 музофоти ҷанубу шарқи мамлакати мо аз офати табиие, ки аз ҷиҳати тавоноӣ ва харобкориаш дар ҷаҳон ба худ ҳамто надорад, ба ларза афтод. Дар ҳамин ҳол тақрибан 14 миллион шаҳрвандони мо аз ин заминларза осеб диданд, беш аз 49 ҳазор ба ҳалокат расида, зиёда аз 115 ҳазор ҷароҳат бардошт», — баён намуд ӯ.
«Мо амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳиро ба анҷом расонидем, корҳои ба тартиб даровардани харобаҳо ва ташкили минтақаҳои зисти муваққатиро анҷом дода, ба сохтмони манзилҳои доимӣ низ шурӯъ кардем», — изҳор дошт Реҷеп Тайип Эрдуғон.
Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар музофоти Қаҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларзаҳо бо шиддати 7,7 ва 7,6 ба амал омаданд. заминларзаҳо ва баъд аз он ҳазорон пасларзаҳо дар 11 вилояти ҷумҳурӣ ва давлатҳои ҳамсоя эҳсос шуданд, ки аз ҳама зиёд Сурия осеб дидааст. Тибқи пешгӯиҳои СММ, хисороти офати табиӣ метавонад 100 миллиард долларро ташкил диҳад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






