ҶУДО. Дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Анталия панҷ паҳлавони тоҷик иштирок мекунад

Март 30, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 31 март то 2 апрел Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Анталия оид ба намуди гӯштини ҷудо баргузор мешавад. Дар он панҷ узви дастаи мунтахаби гӯштини ҷудои Тоҷикистон иштирок мекунад. Мавриди тазаккур аст, ки барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудааст.

Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 паҳлавони шинохтаро ба шаҳри Анталияи Туркия сафарбар намуд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90кг.

Қобили тазаккур аст, ки рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн байни мардон ва 7 вазн байни бонувон баргузор мешаванд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ карда мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Барномаи мусобиқа:

31 март

Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг

Мардҳо: -60кг, -66кг

1 апрел

Бонувон: -63кг, -70кг

Мардҳо: -73кг, -81кг

2 апрел

Бонувон: -78кг, +78кг

Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Март 30, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид