ҶУДО. Рӯзи якуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 барои паҳлавонони тоҷик бе натиҷа анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Анталияи Туркия мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 оид ба намуди гӯштини ҷудо оғоз гардида, дар рӯзи якум дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг занон ва дар вазнҳои -60 кг ва -66 кг мардон байни ҳам рақобат карданд. Дар ин хусус шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тоҷикистонро дар рӯзи якуми мусобиқа ду паҳлавони ҷавон- Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов намояндагӣ карданд. Нахуст Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг дар даври аввал бо ҷудокори узбек Дилшодбек Баротов қувва санҷида, ноком шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг дар ин мусобиқа ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар даври аввал ба муқобили Густав Броволд бо имтиёзи иппон дастболо шуд ва ба даври дуюм баромад. Дар даври дуюм варзишгари тоҷик чемпиони Бозиҳои Олимпии Рио 2016 – ҷудочии итолиёвӣ Фабио Басилеро бо имтиёзи иппон мағлуб карда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ҳаштякниҳоӣ Обид Ҷебов дар вақти тиллоӣ аз ҷудочии бразилӣ Виллиан Лима мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Ҳамин тавр, рӯзи якуми мусобиқа барои варзишгарони тоҷик бе натиҷаи назаррас анҷом ёфт.
Пагоҳ, дар рӯзи дуюми мусобиқа Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг бо Олтин Валттери аз Финляндия сабқат мекунад.
Дар рӯзи охири мусобиқаи мазкур Шодмон Ризоев бо намояндаи Португалия Жоау Фернандо дар вазни то 81 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг бо намояндаи Олмон Мартин Матийасс дар даври аввал қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 оид ба гӯштини ҷудо аз 31 март то 2 апрел баргузор мешавад. Барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 ҷудочӣ (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






