Ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хабаровск иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 нафар аъзои дастаи мунтахаби мамлакатро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо ба шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия сафарбар менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 5 варзишгар дар вазни -66кг – Ориф Додов, -73кг – Илҳомиддин Ҷабборов, -81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, -90кг – Акмал Муродов ва -100кг – Исроил Раҳимов шомил гардидаанд.
Варзишгаронро дар ин сафар мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ менамояд.
Мусобиқаи байналмилалии «Сайри касбии ҷудои Русия» дар Хабаровск 1-2 апрел доир мешавад. Дар мусобиқа ба ғайр аз дастаҳои Русия варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ низ иштирок хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






