ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1440 то 0.1470 сомонӣ муқаррар карда шудааст
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ШМА — 10.9130 сомонӣ;
1 евро – 11.6453 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1440 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ШМА аз 10.9130 то 10.9400 сомонӣ;
1 евро аз 11.6453 то 11.8400 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1440 то 0.1470 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».