Варзишгарони тоҷик дар Лигаи минтақавии ҷудо дар Москва иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мунтахаби Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф»-ро барои иштирок дар Лигаи минтақавии ҷудо ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафарбар менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Лигаи минтақавии ҷудо дар се марҳила баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаи аввал 8 апрел дар маҷмааи КМВА-и Москва доир мегардад. Марҳилаи дуюм дар ҳамин маҷмаа 6-уми май, марҳилаи сеюм 8-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳайати тими Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» 8 варзишгар шомил гардидаанд:
-66кг – Фирӯз Мелибойзода / Обид Ҷебов
-73кг – Мирзоҷамил Рамазонов / Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
-81кг – Курбан Кудиев
-90кг – Мирзо Шукориев / Акмал Муродов
+90кг – Шакармамад Мирмамадов
Умуман, дар марҳилаи аввали мусобиқа 24 клуб ширкат мекунанд, 8 клуб давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Белорус, Тоҷикистон, Эрон, Сербияро намояндагӣ мекунанд.
Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се дастаи беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм ғолибони чемпионати Русия миёни клубҳо ҳамроҳ мешаванд: «Явара-Нева», «Ахмат», «Локомотив» (Налчик), «Урал — Западная Сибир».
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






