ЮНИСЕФ: 2,5 миллион кӯдак дар Туркия ба кумак эҳтиёҷ дошта, ба фонд маблағҳои иловагӣ заруранд

Март 3, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои аз заминларза зарардидаи Туркия 2,5 миллион кӯдак ба ёрии таъҷилии башардӯстона ниёз доранд. Дар ин маврид директори иҷроияи Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел, ки рӯзи сешанбе сафари дурӯзаи худро дар ин кишвар ба анҷом расонд, изҳор дошт. Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба «Новости ООН» иттилоъ додааст.

Кэтрин Рассел бо хонаводаҳои осебдида, аз ҷумла, гурезаҳои суриягӣ мулоқот намуда, аз ҷумла аз маркази иқоматгоҳи муваққатӣ дидан кард, ки ҳоло дар он 17 ҳазор нафари бесарпаноҳ зиндагӣ доранд ва аз се як ҳиссаи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Рассел инчунин аз маркази солимии равонӣ, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ барои расонидани кумаки равонӣ ба кӯдакону калонсолони осебдида дар Ғозиёнтеппа ташкил шудааст, дидан намуд.

Фонди кӯдакон то имрӯз тавонист ба 277 000 нафар, аз ҷумла 163 000 кӯдак кумакҳои башардӯстона расонад. Ба эҳтиёҷмандон сарулибоси зимистона, кӯрпа, асбоби гармкунак ва ашёи гигиенӣ дода шуд.

Фонд аз донорҳо барои кумак ба кӯдакон ва оилаҳои Туркия 196 миллион доллар дархост кардааст. Ин маблағҳо ҳам барои кумаки фаврии башардӯстона ва ҳам барои лоиҳаҳои дарозмуддат оид ба дастгирии равонӣ ва барқарорсозии низоми маориф истифода мешаванд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд