Зӯроварӣ бо силоҳ ба ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти шаҳрӣ таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳаёти ҳазорон нафар дар Филаделфия, бузургтарин шаҳри иёлати Пенсилванияи ШМА зӯроварӣ бо силоҳи оташфишон таъсири манфӣ расонд. Сокинони маҳаллӣ ба дурнамои рушди шаҳр муносибати манфӣ зоҳир намуда истодаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи The Philadelphia Inquirer иттилоъ додааст.
Мувофоқи иттилои Институти журналистикаи ба номи Ленфест ва созмони тадқиқотии SSRS, дар як назарсанҷии гузашта тақрибан 50% сокинони Филаделфия гуфтаанд, ки зӯроварӣ бо силоҳ ба сифати зиндагии онҳо таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад, 64% пурсидашудагон иброз доштаанд, ки соли гузашта садоҳои тирро дар ҷамоаҳояшон шунидаанд.
Натиҷаҳои пурсиш воқеияти ҳаётро дар шароити буҳрони тирандозӣ таъкид мекунанд, ки дар тӯли се сол ҳаёти зиёда аз 1500 нафарро аз байн бурда, ба аксари ҷамоаҳои Филаделфия таъсир расонд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






