ЗИҲӢ, ЭЙ НАВРӮЗИ ТОЗАРӮВУ ПОКСОЗ! Бо омаданат домони дашту даман ва боғу чаман саросар гулистон мешавад

Март 20, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба сарзамини нозанин ва мамлакати дилнишини мо баҳор омад. Баҳоре, ки ҳамраҳаш гулу себаргаву навои булбул ҳамроҳ аст. Баҳоре, ки ҳама ҷоро чаманзору майсазор менамояд.

Баҳоре, ки дили инсонро аз нав ба зиндагӣ гарм мекунад. Баҳоре, ки Наврӯзро ба мо ҳадя меорад, то ба зиндагиамон нуру сафои нав бахшем. Чунин иброз доштааст дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдулло ҲАЙДАРӢ.

Ба истиқболи ин наварӯси муҷаллочеҳра табиати афсунгар бо рангинқабои хеш ба по шуда, ба атроф мужда мерасонад:

Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад,
Нигор омад, нигор омад, нигори бурдбор омад.
Сафо омад, сафо омад, ки сангу рег рӯшан шуд,
Шифо омад, шифо омад, шифои ҳар низор омад.

Воқеан ҳам омад-омади ҷилвакорона ва ҳотамкории бобароронаи баҳору Наврӯзи имсола дигаргуна метобад. Наврӯз дар оғӯши баҳори нозанину моҳҷабин ва баҳор ҳамбари Наврӯзи меҳрофарин бо “сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб” остони моро зер кардаанд:

Имсол тозарӯйтар омад ҳаме баҳор,
Ҳангоми омадан на бад-ин гуна буд пор.
В-имсол пеш аз он ки ба даҳманзиле расад,
Андар кашид ҳулла ба дашту ба кӯҳсор.

Наврӯз аҷаб айёми зебоест. Нуру ҷило ва сидқу сафои тоза, меҳру  вафо ва савту навои хосса, рангу намои ҷаззоб, хосияти беҳисоб дорад он. Пеш аз он ки вуруди мулк шаваду мақоми худро он ҷо дарёбад, сараввал пайки ӯ он ҷо ҷойгузин мешавад. Дилрабоию ҷолибӣ, мардумқаринию шарафёбӣ ба эъҷозкории ӯ ҳам ба воситаи пайкҳои ӯст. Шилдироси ҷӯйборону навои найи чӯпон, сим-сими борону тӯрбофии он, чеҳранамоии Офтоби тобону беғубории самои бекарон, чашмакзании ахтарону табассуми моҳи мунири хандон, рези ашки абри гирёну пардабардориаш аз рӯи шамс дар як он, вазиши насими фораму лағзиши он аз рӯю мӯю лабу бару шонаю дастон номгӯи нопурраи он пайғомҳоеанд, ки Наврӯзро бе онҳо тасаввур кардан  номумкин аст:

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Бо фазилати ин айёми некрою некпой, некнафасу некҳавас замин гарму киштаҳо нарм мегарданд, дарахтон ҷавониву ниҳолон ғунча во менамоянд, ҳаво фораму атроф муаттар, мавзеъҳо сабзахезу пуштаву ёлаҳо гулбасар мешаванд.

Домони талу теппа, дашту даман ва боғу чаман бо дастони пурэъҷози табиат ва даму нафаси Наврӯз гулпартоию бахядӯзӣ карда мешавад. Шабу рӯз баробар гашта, мавсими хоҳ шабу хоҳ рӯзгардӣ фаро мерасад.

Наврӯз барои мардуми мо чун рамзи бедории табиат, шукуфоию рамзи ҷавонии оламу одам шинохта шуда, пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ ва ҷавонӣ бар пирӣ аст. Он иди баҳору шудгору кишту кор, иди кишоварзони хокпоши хоксор, иди ошноиву рафоқат, дӯстиварзиву садоқат, кору нур, шодиву сурур, ҷамоду набот, эҳёву ҳаёт, иди навхатону навболиғон, навдомодону наварӯсон, иди гулдухтарони болидаҳусну озод, тифлакони бозигару дилшод мебошад.

Дилбастагии мардуми мо нисбат ба ин ҷашни хуҷастафол хеле зиёд аст. Чунки он аз рӯзи пайдоишаш одамонро ба зиндадилӣ, дӯст доштани табиат, кӯшишу ғайрат ва рафоқату бурдборӣ ворид месозад.

Дар ин айёми гулрезу сабзахез ва мушкбез ин куҳанҷашни оламиён- Наврӯзи тозачеҳраю ҷавонсимо бори шашҳазору андум бо қадамҳои устувору қалби мусаффо дари моро мекӯбад. Марҳабо, ба сарзамини муқаддаси мо, ай бузургҷашни ниёгони мо, бузургии пасовандони мо, иди моҳу хуршед ва ҳам иди Замину замон. Зеро:

Агар рӯйе рӯйи миллат аст, рӯйи туст, Наврӯз!
Агар ҷашне ҷашни миллат аст, ҷашни туст, Наврӯз!
Агар иде иди идҳост, туйӣ, туйӣ,
Ҳазорсолаӣ, аммо тозатар аз соли пешинӣ,
Такрортарин такрорӣ, аммо чӣ ошиқона дилкаш,
Чӣ шоирона зебост такрорат,
Эй хуштарин!

Биё, эй ҷашни ҷашнҳо, эй нишонаи асрҳо, эй пайвандгари наслҳо, эй пайки шодиву нишот ва орзуву умедҳои нек. Биё, эй бахшояндаи неруи бунёдкорӣ, бахшояндаи орому қарор, илҳомбахши кору эҷод, эҳёсози ҳамаи арзишҳои неки инсонӣ, эй Наврӯзи тозарӯю поксоз!

Саъдулло ҲАЙДАРӢ,
дотсенти кафедраи телевизион ва
радиошунавонии факултети журналистикаи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар

Март 20, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»