АҲСАНТ! Иброҳимҷон Элмуродов бо медали тиллои Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо ба Ватан баргашт

Апрель 12, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Иброҳимҷон Элмуродов бо медали тиллои Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ба Ватан баргашт.

Иброҳимҷонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, намояндагони соҳаи варзиши мамлакат ва дӯстдорони гӯштини ҷудо гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, ки 8-9 апрел дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид.

Ҳамчунин дар мусобиқаи мазкур варзишгарони дигари тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55кг, Ворис Назаров дар вазни то 66кг ва Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг ба гирифтани чор медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

МАЪЛУМОТИ МО

Иброҳимҷон Элмуродов зодаи шаҳри Душанбе буда, 20 сол дорад. Ӯ ҳанӯз аз 10-солагӣ дар намуди гӯштини ҷудо ба тамрин оғоз кард. Имроҳимҷон аз хурдӣ ба варзиш меҳри амиқ дошта, мудом кӯшиш мекард, ки оянда варзишгари касбӣ шавад, зеро амакаш Абдуҷаббор ва падараш Абдухалил Элмуродовҳо паҳлавон буданд. Иброҳимҷон аз хурдӣ пайравӣ падар буда, ҳоло ҳамчун варзишгари касбӣ аз намуди ҷудо дар вазнҳои -100 кг ва +100 кг дар мусобиқаҳо баромад мекунад.

Мураббии нахустини Иброҳимҷон Элмуродов Рисқиддин Раҷабов аст. Беш аз 10 сол мешавад, ки зери роҳнамоии ин мураббии ботаҷрибаи тоҷик машқ мекунад ва ба дастовардҳои назаррас ҳам мушарраф гардидааст.

Иброҳимҷон Элмуродов чемпиони Тоҷикистон байни ҷавонон дар соли 2017, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон байни ҷавонон, ҷоизадори Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар байни калонсолон, ҷоизадори Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар соли 2021, барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар соли 2023, барандаи медали нуқраи Ҷоми Осиё дар байни наврасон дар шаҳри Тошканд дар соли 2017, дорандаи медали тиллои мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2023 дар байни ҷавонон ва чандин ҷоизаҳои дигар дар мусобиқаҳои мухталиф мебошад.

Соли 2023 Иброҳимҷон Элмуродов аллакай дуюмин ҷоизаашро дар мусобиқаҳои гӯштини ҷудо ба даст овард. Дар Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо Иброҳимҷон тавонист, ки то ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёбад ва дар финал аз Мансур Раҳмон дар байни сангинвазҳо мағлуб ва медали нуқраи мусобиқаро соҳиб шуд. Дар идома пас аз тамринҳои пайваста зери роҳнамоии мураббӣ Рисқиддин Раҷабов ин ҷудочии ҷавону умедбахши тоҷик бо 13 тан ҷудочии наврасу ҷавони тоҷик аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон равон карда шуд.

Дар ин мусобиқа, ки ҷудочиёни наврасу ҷавонон ва бомаҳорати қораи Осиё ширкат варзиданд, Иброҳимҷон тавонист аз байни сангинвазнҳо аввалин медали тиллоро барои Тоҷикистон ба даст биёрад. Иброҳимҷон Элмуродов байни сангинвазнҳо дар мусобиқаи мазкур дар даври аввал ба муқобили ҷудочии қазоқ Ардак Сериков дастболо шуда, ба даври дуюми мусобиқа баромад ва он ҷо Жантилек Нуртилепулю аз Қазоқистонро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ Иброҳимҷон дар як рақобати сахту сангин ба муқобили Ҷавоҳир Муродиллаеви узбек дар вақти тиллоӣ бо усули «осаикоми» зафар ёфт ва дар финал бо Нурсултан Каблан аз Қазоқистон қуввасанҷӣ карда, дастболо шуд ва медали тиллои ин мусобиқаро ба даст овард.

Иброҳимҷон миёни мухлисону ҳаводорони гӯштини ҷудои Тоҷикистон бо тахаллуси «Онои тоҷик» шуҳратёр гардидааст. Оно яке аз ҷудочиёни беҳтарини сайёра дар вазни то 73 кг буда, аз кишвари Ҷопон аст. Ҳоло Оно дар ҷаҳони ҷудо корномаи варзишиашро ба анҷом расонидааст ва Иброҳимҷон Элмуродовро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин тахаллус мешиносанд. Дар оянда ба ин паҳлавони ҷавон ва шинохтаи тоҷик дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фатҳи қулаҳои баланди варзиширо орзу дорем.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 12, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид