Ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон дар Қазоқистон омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар пойгоҳи варзишии «Алматау»-и Қазоқистон ба Чемпионати ҷаҳон омодагӣ мебинад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷамъомади байналмилалии машқӣ-варзишӣ ҳамчунин дастаҳои бокси Қазоқистон, Австралия, Филиппин, Арманистон ва ғайра иштирок доранд.
Даста ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023, ки аз 1 то 14 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, аз Қазоқистон ба Тошканд сафар мекунад.
Дар чемпионат иштироки варзишгарони беш аз 140 давлат дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс ба ғолибон дар ҳамаи 13 вазн ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 200 000 доллари ИМА, ба барандагони ҷои дуюм 100 000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллар тақдим мекунад.
АКС аз манбъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






