Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ дар Деҳлӣ иштирок менамояд

Апрель 28, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии машваратии даҳуми вазирони нақлиёт ва ҷаласаи гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дирӯз ҷаласаи гурӯҳи кории  коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид, ки дар он  намояндагони давлатҳои узви СҲШ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи  гурӯҳи кории коршиносони Созмони мазкур баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба декарбонизатсия (кам намудани таъсири карбон ба муҳити зист) дар нақлиёт, пешбурди трансформатсияи рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории баланд пешниҳод гардид.

Ҳадафҳои асосии қабули ин  Консепсия- кам кардани таъсири карбон ба муҳити зист аз сӯзишвории истифодашаванда, истифодаи технологияҳои алтернативии сӯзишвории нақлиётӣ, инчунин декарбонизатсияи нақлиёт бо мақсади коҳиш додани партовҳои автомобилҳо то соли 2030 тавассути тавсеаи истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергияи оянда ва талош барои таҳия ва пешбурди технологияҳои ба оянда мутобиқ, яъне омӯхтани ҷойгузинҳои (алтернативаҳои) тозатар ва «сабзтар» мебошад.

Мусоидат ба трансформатсияи рақамӣ дар нақлиёт бо мақсади ноил шудан ба истифодаи бештар ва самараноки инноватсияҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаҳои пешқадам низ аз ҳадафҳои дигари консепсия маҳсуб мешавад.

Дар назар аст, ки лоиҳаи консепсияи мазкур баъди баррасии гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои  СҲШ барои баррасӣ ва тасдиқ ба вохӯрии машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои  СҲШ пешниҳод гардад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид