Ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар шаҳри Москва ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳар ду ҷониб кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия Раҷаббой Аҳмадзода ва Николай Журавлев сухан гуфтанд.
Изҳор гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба рушди муносибатҳои ду давлат дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи ҷараёни амалишавии Ҳуҷҷати хотимавии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас аъзои Комисия доир ба вазъи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа вақт ва макони баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид






