Бар асари таркиш дар назди мошини полиси шаҳри Кветтаи Покистон 4 нафар ҳалок ва 9 тан маҷруҳ шуд

Апрель 11, 2023 09:14

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар шаҳри Кветтаи музофоти Балуҷистони Покистон қариб чаҳор нафар ҳалок шуд, ки ду нафараш маъмури пулис буда, 18 тани дигар захмӣ гардид. Дар байни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус  АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои Покистон иттилоъ додааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки эҳтимол дар бозори Гандаҳарӣ мототсикл таркидааст, ки дар он дастгоҳи тарканда бо вазни 3-4 килограмм ҷойгир шуда буд. Дар натиҷа ду мошин, аз ҷумла як мошини полис зарари ҷиддӣ дидааст. Ба ҷои ҳодиса фавран оташнишонҳо, наҷотдиҳандагон ва мутахассисони соҳаи тиб расида омаданд. Бо назардошти ҳолати вазнини баъзе зарардидагон намояндагони расмии сохторҳои тандурустӣ афзоиши шумораи ҳалокшудагонро истисно намекунанд.

Ҳамлаеро, ки бо марги одамон анҷом ёфт, маҳкум карда, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ишора намуд, ки нақшаҳои фиребгаронаи террористон нобуд карда мешавад. Масъулиятро Артиши манъшудаи озодии Балуҷ ба уҳда гирифтааст.

Қариб дар як вақт бо бозори Гандаҳарӣ мошини дигари полис дар роҳи Мунир Мангал ба ҳадаф гирифта шуд. Дар натиҷа ду пиёдагард осеб дид.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа» 

Апрель 11, 2023 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад