Дар доираи баргузории Global Money Week роҳбарияти «Амонатбонк» бо бонкирҳои оянда вохӯрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Идоракунии хатарҳои бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур.
Дар ҳамоиш доир ба мафҳуми бонк ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташкилоти қарзӣ, институтҳои ёрирасони молиявӣ, амалиёти бонкӣ, мавқеи «Амонатбонк» дар низоми бонкӣ, буҳронҳои иқтисодӣ – омили бавуҷудоварандаи бесуботӣ ва хавфу хатарҳои бонкӣ ба иштирокдорон маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Гуфта шуд, ки ташкили чунин машваратҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони ояндаи соҳаи бонкдории мамлакат нақши муҳим мегузорад.
Сипас намояндагони «Амонатбонк» аз озмоишгоҳҳои таълимии Донишгоҳ дидан намуда, ба шароиту имконияти таҳсили донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баҳои баланд доданд.


Дар радифи дигар озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри омодасозии кадрҳои соҳаҳои молияву бонкӣ утоқи «Бонки таълимии «Амонатбонк» амал мекунад, ки донишҷӯён дар раванди машғулияти амалӣ аз он самаранок истифода мебаранд. Зимни боздид аз утоқи «Бонки таълимии Амонатбонк» ба муҳассилини ихтисосҳои соҳаи бонкдорӣ тавсия дода шуд, ки пайваста илму дониш омӯзанд, зеро он сарвати бебаҳо буда, метавонад инсонро ба қуллаҳои баланди музаффарият расонад.
Бонки таълимии мазкур дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ташкил гардида, бо тамоми воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин аст. Дар доираи шартномаи тарафайн байни «Амонатбонк» ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар он бо ҷалби мутахассисони бонк мунтазам машғулияти амалӣ гузаронида мешавад.
АКС: КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад






