Дар Душанбе бо намояндагони Чин бунёду баҳрабардории инфрасохтори сайёҳии шаҳр баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тарҳ ва услуби бунёди меҳмонхонаҳои муосир, сифатнокии корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти хушсифат дар бунёди онҳо, инчунин дигар масоили марбут ба сохтмону баҳрабардории инфрасохтори сайёҳӣ аз масъалаҳое буданд, ки 14 апрел зимни вохўрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати Маъмурияти минтақавии Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони ширкатҳои соҳавии он таҳти роҳбарии Директори ширкати «Xinjiang Luqiao Nanjiang Engincering Construction Co, Ltd» Лю Тсинтсюан баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, бахусус меҳмонхонаҳо дар шаҳри Душанбе муҳокима карда шуд. Ҷонибҳо атрофи паҳлуҳои алоҳидаи мавзуъ мубодилаи афкор намуда, ба масъалаҳои тарҳ ва услуби бунёди меҳмонхонаҳои муосир бо такя ба таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 14 апрел идома ёфта, зимни он намояндагони ноҳияи Синҷон-Уйғур бо роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат оид ба роҳандозии муносибатҳои ҳамкорӣ дар якчанд соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муфид мулоқоту нишастҳо доир намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






