Дар Душанбе доир ба бемории сил ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар мавзуи «Бемориҳои сил ва ВНМО» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон», мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» 30 июли соли 2014 аз ҷониби 76 нафар гирифтори бемории сил, шахсони аз сил осебдида, хешовандони онҳо ва намояндагони ташкилоти дар самти мубориза бар зидди бемории сил амалкунанда, ВАО аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳамчун платформа барои саҳмгузорӣ дар пешгирии паҳншавии бемории сил дар мамлакат, инчунин таъмини ғамхорӣ ва дастгирӣ ба шахсон, оилаҳо ва маҳаллаҳои аз бемории сил осебдида таъсис ёфтааст. Аз 10 апрели соли 2018 платформаи мазкур бо 6 (шаш) ташкилоти ҷамъиятӣ-асосгузорон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» (ҲБСТ) расман ба қайд гирифта шуд.
Имрӯз бо иштироки зиёда аз сад нафар аъзо Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» воситаи ҷалби фаъолони гуногун дар пешгирии бемории сил барои сафарбаркунии захираҳо, тарғиби инноватсия ва усулҳои нав ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи хотима додани сил дар Тоҷикистон мебошад. Махсусан тавассути ин равиши инноватсионии бисёрҷониба Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» фаъолони ғайрианъанавӣ, ба монанди нафароне, ки ин бемориро аз сар гузаронида, шифо ёфтаанд, шахсони машҳур ва рӯзноманигоронро ҷалб мекунад, то симои силро дар ҳамкории наздик бо аъзои Парлумон (Анҷумани миллии сил) ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (Барномаи миллии сил) боло бардорад.
Соли 2019 Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаи ҷомеи аз сил осебдида дар Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Имрӯзҳо «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар сатҳҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ саҳми худро дар пешрафти ҷомеа содиқона гузошта истодааст.
Ин Ассотсиатсия тавонист мушкилоти ҷомеаро тавассути фаъолияти худ то андозае коҳиш диҳад ва ҳамин гуна дар рушди мамлакат саҳми шоиста гузорад.
Ассотсиатсияи мазкур бо роҳандозии ҳамкории бисёрҷониба бо соҳаҳои мухталиф мекӯшад дар ҳифзи солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи фарҳанги поки тоҷикона ва арзишҳои миллӣ, муаррифии шарафмандонаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ саҳми сазовор гузорад.
Дар ҳамоиш музокира ва саволу ҷавоби кормандони соҳаи масъул бо вакилони Маҷлиси намояндагон сурат гирифт.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Рустам Нуров дар мавзуи «Муқовимат бо ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Директори иҷроияи Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» Сафаралӣ Наимов дар мавзуи «Равиши системавӣ дар бемории сил. Идоракунии парвандаҳо» маъруза намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид






