Дар Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ таъмир ва навсозӣ карда мешавад

Апрель 11, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо  дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  нуқтаҳои партовҷамъкунии ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъмир карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро давра ба давра таъмир ва навсозӣ намояд.

Мутобиқ ба маълумоти мавҷуда, дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ 322 нуқтаи муваққатии партовҷамъкунӣ    мавҷуд аст, ки  72 адад ба шаҳракҳо, 89 адад ба маҳаллаҳо, 20 адад ба шахтаҳо ва 141 адад ба ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар  доираи татбиқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, партовгоҳҳо таъмир ва навсозӣ гашта, қуттиҳо рақамгузорӣ ва ба нуқтаҳои партов дарвоза насб карда шудааст. Инчунин корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонӣ вазифадор карда шудаанд, ки тибқи талаботи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе сари вақт партовро аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бароранд.

Дар баробари ин аз шаҳрвандон тақозо карда мешавад, ки тозагии муҳити атроф, шаҳраку маҳалла, назди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва биноҳои баландошёнаро таъмин карда, маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрдориро риоя намоянд.

  АКС: Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Апрель 11, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид