Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Олтойи Федератсияи Русия доир мегардад

Апрель 1, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба (B2B) байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6  ширкату корхонаи калону  миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имконияти соҳибкориву сармоягузории мамлакат ва пайдо намудани шарикони ҳамкор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли  шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва  боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулоти косметикӣ, хизматрасонии логистикӣ,  нӯшокиҳои ташнагишикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ), маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ фаъолият мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд