Дар назди Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис дода шуд

Апрель 24, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 24.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав моддаи 14 ҷой дода шудааст, ки «Хизматрасонии интернет» ном дорад. Он аз 4 банд иборат буда, таъмин намудани хизматрасониҳо, баланд бардоштани суръат ва сифати интернетро танзим менамояд. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернетпровайдерҳо ситод таъсис дода, як қатор корҳоро ҷиҳати таъмини интернети баландсуръат анҷом дод. Ворид намудани интернети баландсуръат ба ҷумҳурӣ ба 100 гигабайт расонда шуд, ки зарфияташ дар ин шабонарӯз зиёд аст. Чунин иброз дошт муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Илҳом Атоев зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 19 апрели соли 2023 баргузор шуд.

Ҳамчунин номбурда иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе зиёда аз 42 дастгоҳи базавии типи нав насбу васл ва ба кор супорида шуда, зиёда аз 100 истгоҳи базавӣ аз нав таъмир гардида, ин амал идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи мамлакатро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати беҳтар кардани хизматрасонӣ дар самти интернети босуръат ва босифат тадбирҳои муассир андешад.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Илҳом Атоев дар иҷлосияи мазкур тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат, инчунин мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати озод, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи «ҳукумати электронӣ» ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешниҳод гардидааст.

«Ширкатҳое, ки ба тақсими ин намуди алоқаи барқӣ машғуланд, бо иҷозатнома таъмин шудаанд. Марказҳои хизматрасонии харидуфурӯши симкортҳои алоқаи мобилӣ зиёд гардида, барои баланд бардоштани суръати интернети мобилӣ якчанд нақша — чорабиниҳои кӯтоҳмуҳлату миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тартиб дода, дар семоҳаи аввал аз ҷониби ширкатҳо дастгоҳҳои нав ворид шудааст»,-илова кард ў.

Дар иҷлосия вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффорзода ба Илҳом Атоев чунин савол дод: «Мо ҳукумати электронӣ мегӯем, аммо банкоматҳо дар ҷумҳурии мо ба талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. Рӯ ба офтоб насб шуда, кор кардан дар онҳо душвор аст. Сабаб дар чист? Дувум, ҳангоми занг задан ба марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ вақти зиёд сарф мешавад, аммо бо оператор суҳбат накарда, алоқа қатъ мешавад. Чаро?».

«Мо кӯшиш мекунем бо Бонки миллӣ ва дигар мақомоти марбута дар масъалаи банкоматҳо ҳамкорӣ намуда, мушкилотро бартараф намоем. Масъалаи робита бо марказҳои хизматрасонӣ бисёр муҳим аст ва мо иловатан дар назди Хадамоти алоқа маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис додем. Ин масъаларо боз баррасӣ хоҳем кард»,- посух дод муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз/АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Амонатбонк» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкории молиявиро густариш медиҳанд
Дар ҳошияи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Женева ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон тарғиб карда мешаванд
Дар Душанбе ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии соҳа мусоидат намуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид
ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии Тоҷикистон қадами муҳим аст
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсияи рақамӣ ҳамоиш доир гардид
Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд