Дар шаҳри Душанбе «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид

Апрель 19, 2023 18:08

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё дар масофаи 3 километр бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар дави мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар дави мазкур зиёда аз 1000 ҷавону варзишгар иштирок карда, ғолибони озмуни расмкашӣ ва рӯзноманигорӣ қадршиносӣ гардид.

АКС: Тоҳирҷон САИД/АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2023 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд