ДАЪВАТИ БАҲОРӢ! Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахустин шуда онро иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар рӯзи нахустини маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишуда иҷро гардид, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар».
Дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон дар Ҷамоати деҳоти Ворух муносибати гусели гурӯҳи ҷавонони ватандӯст, ки ихтиёран ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуд.
«Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад», — таъкид кард Баҳоваддин Баҳодурзода.


Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, гувоҳи он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд.
Дар фарҷом бо иштироки модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин, аскарбачагони оянда маросими нонгазонро ба ҷо оварданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






