ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар ноҳияи Ашт наваскаронро ботантана ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд

Апрель 4, 2023 11:02

ДУШАНБЕ, 04.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи мазкур хабар доданд.

Дар маросими мазкур  роҳбарияти ноҳия,  комисарияти ҳарбӣ,   мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони  ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия ва  падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар як ҷавонмарди  бонангу номус мебошад.

Гуфта шуд, ки барои  ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт – ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат маҳсуб мешавад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар як ҷавон нангу номус нишон дода, шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Муасаллаҳ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

Ҳамзамон изҳор дошта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як мамлакати  соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ барои даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардида, туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия  ба наваскарон  супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Апрель 4, 2023 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд