ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фаъол мегардад

Апрель 7, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон ба қадри 34,6 фоиз иҷро гардида, дар рӯзи  нахустини ин маросими муҳими сиёсӣ ноҳияҳои  Вахш, Данғара ва Фархор нақшаи ҷалби ҷавононро пурра таъмин карданд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии низомӣ дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар асоси Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, ҷавонони синни хизматӣ пас аз ташхису муоинаи тиббӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар иртибот ба ин масъала аз ҳозирин даъват карда шуд, ки дар шаҳру  ноҳияҳо тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро тақвият дода, дониши сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад ва моҳияти даъват ба  хизмати ҳарбӣ, қарз будани адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба онҳо дуруст фаҳмонида шавад.

Тазаккур дода шуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватан, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд. Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбуб ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан равона созанд.

Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъулу вобаста муваззаф шудаанд, ки ба маъракаи ҷалби ҷавонон диққати зарурӣ дода, ба хизмати Ватан ҷавонони руҳану ҷисман солимро равона созанд. Илова бар ин, ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон на танҳо дар давраи  даъвати баҳориву тирамоҳӣ, балки ба таври  ҳамешагӣ бояд таваҷҷуҳи махсус  равона намоянд.

АКС аз саҳифаи фейсбукии рӯзномаи «Хатлон»

Апрель 7, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид