«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҶАВОНӢ». Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таҳти ин унвон барномаи фарҳангӣ доир шуд

Апрель 14, 2023 13:43

ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе — шаҳри ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти мазкур.

Дар оғози барномаи фарҳангӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иштирокдоронро ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки «Душанбе хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё аст. Сокини пойтахт будан на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти калон доштанро тақозо менамояд».

«Барои ободию бунёдкорӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани пойтахт, ки таъриху тамаддуни миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, ҳар яки мо масъул мебошем»,- тазаккур дод ў.

Гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, тули солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфта, дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон нақши бузург дорад.


Дар идомаи чорабинӣ ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик суруду таронаҳои ҷолибро дар васфи пойтахт ва зебоиҳои он, шаҳри ҷавонӣ, шаҳри орзую ормонҳои миллат, шаҳри сулҳу ваҳдат будани он манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

Имсол санаи мазкур ба 15 апрел рост омадааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Апрель 14, 2023 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд