Федератсияи ҷудои Тоҷикистон намояндаи расмии худро дар Москва таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев аз рушди имрӯзаи варзиши ҷудо дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки «бо чунин роҳбаре, чун Исмоил Маҳмадзоир, мо ба натиҷаҳои баландтарин ноил хоҳем шуд».
Ба саволи хабарнигор дар бораи он ки «Шумо дар мавриди Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир чӣ назар доред?» ӯ чунин гуфт:
«Ман хеле шодам ва ифтихор дорам, ки Исмоил Маҳмадзоир Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд. Исмоил Маҳмадзоир роҳбари беҳтарин аст, шароитро хуб эҳсос намуда, аз рӯйи адолат қарор қабул мекунад. Вай шахси комилан ошкор аст ва нисбаташ танҳо назари мусбат дорам.
Дарвоқеъ, ба Федератсия имрӯз мутахассисони варзида ҷалб шудаанд, ки вазъиятро хуб дарк мекунанд ва барои пешрафти ҷудои мамлакат кӯшиш менамоянд.
Тавре дар чемпионати ҷудо шоҳид шудем, барои мақоми аввал 15000 сомонӣ туҳфа дода шуд, ки бори аввал буд ва ҳеч гоҳ дар чемпионати ҷумҳурӣ туҳфаи пулӣ намедоданд.
Мураббиҳои варзида аз Ҷопон аллакай омаданд. Имрӯз на танҳо паҳлавонони рақами як, балки дуюму сеюм низ имкон пайдо кардаанд, ки аз ҳисоби Федератсия дар берун аз мамлакат дар мусобиқаҳо иштирок кунанд, ки беҳтарин ва бузургтарин тағйирот мебошад.
Паҳлавонҳо аз ҷиҳати молӣ мушкилӣ надоранд ва имконияту шароити хуби тамринӣ барояшон омода карда шудааст, то ки номи Ватани моро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Ин ҳама талошҳои роҳбарияти Федератсия барои обрӯи мамлакатамон мебошад, ки қобили таҳсин аст.
Боварӣ дорам, ки бо чунин роҳбар мо ба натиҷаҳои баландтарин ноил мешавем».
Расул Боқиев ҳамчунин иброз доштааст, ки «тағйирот дар роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, баргузории Чемпионати ҷумҳуриявӣ дар сатҳи олӣ ва баргузори Гран Прии Душанбе 2023 бароям аз фараҳбахштарин хабарҳои имсола мебошанд.
Изҳори миннатдорӣ менамоям, ки ба ман бовар карда, маро намояндаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Москва таъйин карданд. Ин ҷо ҷавонон ва наврасонро тарбия намуда, ба мусобиқаҳои оянда омода менамоем, то номбардори Ватанамон шаванд», — гуфт Расул Боқиев.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






