«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиш доир шуд

Апрель 18, 2023 19:05

ХОРУҒ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар толори варзишии наздимактабии №5 шаҳри Хоруғ бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» бо иштироки футболбозони наврас ва мураббиён ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар» Файз Мирасан.

Футбол яке бозиҳои дӯстдоштании кӯдакону наврасон аст ва аз ин рӯ онҳо дар мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба ин намуди варзиш бо шавқи беандоза иштирок мекунанд. Дар ҳамоиши  навбатӣ, ки «Футбол ба назди шумо меояд» унвон дошт, теъдоди зиёди кӯдакону наврасон ҳамроҳи мураббиёнашон иштирок намуданд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Лигаи футболи наврасону кӯдакони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ва дастгирии ширкати Тселл баргузор гардида, пас аз бозии дӯстона ба футболбозони навраси шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон тӯбу тӯрҳои дарвозаи футбол такдим карда шуд.

Роҳбари бошгоҳи дӯстдорони футболи ноҳияи Ишкошим Ҳақназар Собир  иброз дошт, ки «давоми чанд соли охир ба дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ин намуди варзиш хеле рушд ёфтааст. Пайваста баргузор кардани мусобиқаҳои футбол, машваратҳои назариявию амалӣ барои мураббиён, таъмин бо лавозимоти варзишӣ ва афзоиши бесобиқаи шумораи майдончаҳои футбол дар шаҳру ноҳияи вилоят теъдоди ҳаводорони ин намуди зебои варзишро сол аз сол бештар мегардонад».

Раиси Федератсияи футболи вилоят Аноятшо Аноятшоев гуфт, ки «ҳоло дар ҳудуди вилоят 10 дастаи писарона ва се дастаи духтаронаи футбол амал мекунад. Дастаи мунтахаби наврасон ду сол пай дар пай дар мусобикаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар мақоми ифтихорӣ ҷой гирифт. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқа байни наврасон идома ёфта, дастаи ғолиб ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи июн дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат мегирад».

Бино ба иттилои манбаъ, 27 мураббии дорои дараҷаи С ва 3 мураббии дорои дараҷаи В футболбозони наврасро ба мусобиқаҳои маҳаллӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ омода мекунанд.

АКС: АМИТ«Ховар»

Апрель 18, 2023 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд