ФУТБОЛ. Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дар Ҳисор доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз Хуҷанд ба Ҳисор иваз карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Сабаби кӯчонидани бозӣ барои Суперҷоми мамлакат омода набудани чамани варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мебошад», — таъкид намуданд дар Федератсия.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони нави баргузории бозӣ интихоб шуд.
Бозӣ байни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб 6 май, соати 18:00 оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






