«ФУТБОЛ ДАР МАКТАБ». Фестивали футбол барои духтарон дар дораи ин лоиҳа ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар доираи лоиҳаи «Футбол дар мактаб» фестивал баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивал ҳудуди 100 духтари Литсейи рақами 3-и Душанбе иштирок кард. Дар доираи лоиҳаи «Футбол дар мактаб» дар муассисаи таълимии мазкур мусобиқа байни хонандагони литсей доир карда мешавад.
Қаблан лоиҳаи «Футбол дар мактаб» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и Шаҳринав, мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии ба номи Михаил Ломоносови шаҳри Бохтар, инчунин муассисаҳои таълимии миёнаи ноҳияи Носири Хусрав ташкил шуда буд.
Мақсади асосии фестивал оммавигардонии футбол байни наврасон ва ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






