ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад

Апрель 6, 2023 11:09

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи Олӣ оғоз шуда, то 7 апрел идома меёбад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, 1-2 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Бозии дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба нафъи дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода анҷом ёфт. Голҳоро Абдухалил Боронов, Шерзод Маҳмадиев ва Нуриддин Ҳамроқулов ба нишон расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 дар майдони худ бар дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Қаҳрамони вохӯрӣ ҳамлагари дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Тоҳир Малодӯстов гардид, ки муаллифи ду гол шуд.

Бозии байни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:2 бар нафъи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Дар идомаи рақобатҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бозии дастаҳои «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Файзканд»- и ноҳияи Восеъ хеле ҷолиб доир гардида, мухлисони зиёди футболро ба ҳам овард. Нахуст дар дақиқаи 13-ум бозигари дастаи «Файзканд» Шавкати Ҳотам дарвозаи мизбононро рахна намуда, ҳисоби бозиро кушод. Пас аз танаффус дар дақиқаи 85-ум бозигари дастаи «Ҳосилот» Саймухтор Азимов бо задани зарбаи 11-метра ҳисоби бозиро баробар намуд. Бозигари дастаи «Файзканд» Мустафо Миликшоев ҳисобро дар дақиқаи 86-ум ба нафъи ҳамдастаҳояш тағйир дод. Дар дақиқаи иловагии бозӣ легионери дастаи «Ҳосилот» Мусиси Фароук ҳисоби бозиро баробар намуда, дастаашро аз бохт наҷот дод. Ҳамин тариқ, дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бозияшонро бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом доданд.

3 апрел бозии охири даври якум ва марказии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд хеле ҷолиб доир гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир шуда, бо ҳисоби калони 4 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ду маротиба, Ромиш Ҷалилов ва Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки Алишер Ҷалилов аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Баъди бозиҳои даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пас аз ин ғалаба бо касби 3 имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт.

Ҳоло беҳтарин нишонзани мусобиқа пас аз даври якум Бахтиёр Зарипов аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 3 гол маҳсуб мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 6, 2023 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад