ФУТБОЛ. «Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаи «Файзканд» дар даври дуюм садрнишини ҷадвали Лигаи олӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел бозии охири даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ хеле ҷолиб доир шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ду маротиба ва аз ҳайати дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Билол Сулаймонов ба нишон расониданд. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов эътироф гардид
Бояд гуфт, ки дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» дар шаҳри Турсунзода бо дастаи «Регар-ТадАЗ» вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 12 апрел дар варзишгоҳи «Талко Арена» доир мегардад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар даври навбатӣ 11 апрел бо дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мизбонӣ бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 6 апрел бо бозии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.
Натиҷаи бозиҳои даври дуюм:
«Куктош» 0:3 «Ҳосилот»
«Хатлон» 0:2 «Эсхата»
КМВА 0:0 «Равшан»
«Хуҷанд» 2:2 «Регар-ТадАЗ»
«Истиқлол» 2:1 «Файзканд»
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 11-12 апрел баргузор мегарданд.
Бозиҳои даври дуюми Лигаи олӣ
11 апрел | 16:00
«Ҳосилот» – КМВА
«Файзканд» – «Кӯктош»
12 апрел | 16:00
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
«Эсхата» – «Хуҷанд»
«Равшан» – «Хатлон»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






