Футболбоздухтарони тоҷик бозии аввалинашонро бо дастаи мунтахаби Ҳонконг доир намуданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5 апрел дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар нахустин бозияш дар даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи духтарон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» аз дастаи мунтахаби Ҳонконг бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, бозии мазкур ба фоидаи дастаи мунтахаби Ҳонконг хотима ёфт. Барои дарёфти роҳхат ба даври баъдии мусобиқа ҳамаи дастаҳои мунтахаби гурӯҳи «Е» — Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон байни ҳам мубориза мебаранд.
Бозии дигари гурӯҳи мазкур байни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Покистон доир шуда, ба нафъи дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби калони 4:0 ба анҷом расид
Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми мусобиқа дар гурӯҳи «Е», ки 8 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Покистон бо Ҳонконг ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин рақобат хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






