ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Ноҳияи Вахш даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ таъмин намуд

Апрель 1, 2023 18:41

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Вахш нақшаи даъватро иҷро намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Ба ин муносибат дар ноҳияи Вахш бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аъзои комиссияи даъватӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарз мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмард бояд ин қарзи худро дар назди Ватан бо хизмати софдилона ва руҳияи ҷавонмардона иҷро намояд.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки ҷавонон маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ обутоб ёфта, ҳамчун ҷавонмардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд ва дониши сиёсии онҳо баланд гашта, адои хизматро дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон барои худ шараф ва ифтихор медонанд.

Гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ бамаротиб беҳтар гардида, давоми хизмати ҳарбӣ ҷавонон дониши сиёсӣ-ҳарбии худро баланд мебардоранд ва ҷисману руҳан обутоб ёфта, бо сари баланд ба назди волидони худ бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як падару модар мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандаҳо ва волидони онҳо оид ба хизмати Ватан-Модар андешаронӣ намуда, ба ҷавонон дар ҷодаи хизмати Ватан садоқатмандӣ таманно карданд.

Ҳамзамон ба 115 нафар ҷавонон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд. Як нафар аз ҳисоби фарзандони кормандони мақомоти қудратӣ ва 7 нафар фарзандони омӯзгорон ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда шуданд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои дилнишину ватандӯстонаро пешниҳоди аҳли чорабинӣ намуданд ва ҷавонон дар вазъияти хотирмон ба хизмати Ватансафарбар гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд