ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН — ҲИМОЯИ ОИЛА ВА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуд

Апрель 2, 2023 09:31

ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара чорабинии муҳими сиёсӣ -даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъракаи нангу номуси соҳибватанӣ табдил ёфта, аз даъват то даъват сафи ихтиёриён барои хизмат ба модар – Ватан бештар мегардад. Ҳамин аст, ки дар рӯзи аввали даъват дар ин ҷамоат нақша барзиёд таъмин мешавад ва аз аввалинҳо шуда аз иҷрои нақша мужда медиҳад. Имсол низ чун солҳои қаблӣ дар рӯзи нахустини оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ нақшаи даъват барзиёд таъмин гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

1 апрел дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба муносибати гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор шуд.

Сокинону волидони наваскарон сарфароз аз он буданд, ки ҷавони далери чоркуҳӣ анъанаи бародаронашонро идома бахшида, ихтиёран ба хизмати модар-Ватан мераванд. Онҳо дар минтақаи марзӣ умр ба сар мебаранд ва хуб медонанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ин ҳимояи оила ва дар умум давлату миллати хеш аст.


Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар замони зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон дӯст доштани Ватан ва омода будан барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ ва ифтихори бузург ба хизмати модар-Ватан мераванд.

Дар ҳузури иштирокдорон пешсафон, волидони сарбозон ва наваскарон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ ба ин чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Апрель 2, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд