ҲИМОЯИ ВАТАН-ШАРАФИ ҶАВОНМАРДӢ. Хатмкунандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардиданд

Апрель 25, 2023 18:56

ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел 150 нафар донишҷӯи курси чорум аз чор факултети Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов баъди муваффақона супоридани имтиҳони давлатӣ ба таври ихтиёрӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи мазкур.

Баъди супоридани имтиҳони давлатӣ роҳбарияти донишкада дар ҳузури устодон ибтикори наҷиби хатмкунандагонро дастгирӣ намуда, онҳоро ба хизмати ҷавонмардона ва софдилона барои ҳифзи Ватан даъват карданд.

Таъкид карда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва мардонагии ҳар ҷавонмард буда, онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол хизмати содиқонаву арзанда мекунанд.


Дар натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравӣ аз ҷониби роҳбарият ва гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии донишкада ба муносибати гусели гурӯҳи донишҷӯёни ватандӯсту шуҷоатманди диёр, ки ихтиёрӣ ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи мамлакат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2023 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд