Имрӯз дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад

Апрель 15, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел, соати 09:00 Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон ба ниммарафон даъват карда шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Ниммарафони анъанавии байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.

Бояд зикр кард, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе байни мардон ва бонувон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, ҷоизапулӣ дода мешавад:

Ҷои 1: 39 200 сомонӣ;

Ҷои 2: 33 600 сомонӣ;

Ҷои 3: 28 000 сомонӣ;

Ҷои 4: 22 400 сомонӣ;

Ҷои 5: 20 160 сомонӣ;

Ҷои 6: 16 800 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки 16 апрели соли 2022 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд иброз дошт, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон, Узбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар кишварҳо ширкат варзида буданд

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари Ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд