Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камбари бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо саҳаргоҳон ва рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияи Лахш бориши сусти борон ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






